Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021: бозӣ байни дастаҳои «Истиқлол» – «Хуҷанд»-ро Сайвалӣ Турдиев ҳакамӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021: бозӣ байни дастаҳои «Истиқлол» – «Хуҷанд»-ро Сайвалӣ Турдиев ҳакамӣ мекунад

Ҳайати хизматрасони расмии бозиҳои даври бисту дуюми Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои лигаи олӣ тасдиқ шуд. Бозиҳои даври мазкур рӯзҳои истироҳатии 2 ва 3 октябр баргузор мешаванд.

Бозии марказии даврро байни “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд, ки рӯзи якшанбеи 3-юми октябр, соати 17:30 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад, Сайвалӣ Турдиев аз ноҳияи Вахш ҳакамӣ мекунад.

 

Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 22-юм

2 октябр (шанбе)

Оғоз – соати 15:00

«Равшан» – «Душанбе»

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Ёварон: Холмурод Абдусаломов, Ғайрат Рузибоев (ҳарду аз Шаҳринав).

Довари захира: Рустам Нурматов (Душанбе).

Нозири доварон: Умед Раҳимов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Нуралӣ Хоркашев (Душанбе).

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

 

«Кӯктош» – «Эсхата»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Ёварон: Акмал Буриев (Турсунзода), Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Довари захира: Қурбонмурод Шарипов (Ҳисор).

Нозири доварон: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон).

Комиссари бозӣ: Ширинҷон Валиев (Душанбе).

Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

 

«Хатлон» – «Истаравшан»

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

Ёварон: Исмоил Нуралиев (Душанбе), Ҷӯрабек Содиқов (Варзоб).

Довари захира: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доварон: Ориф Ҷураев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Парвиз Одинамаҳмадзода (Душанбе).

Ҷалолиддин Балхӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов

 

3 октябр (якшанбе)

Оғоз – соати 15:00

«Файзканд» – КМВА

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Ёварон: Ҳамза Шоймардонов (Хуросон), Наимҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров).

Довари захира: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доварон: Рустам Абдуллоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

Оғоз – соати 17:30

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Ёварон: Ҳасан Каримов (Норак), Вафо Қараев (Шаҳринав).

Довари захира: Рустам Нурматов (Душанбе).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Комиссари бозӣ: Бобоҷон Қаландаров (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед