Рустами Эмомалӣ: “Футболи тоҷик дар марҳилаи ислоҳоту таҳаввулоти бунёдӣ қарор дорад” – Федерация Футбола Таджикистана

Рустами Эмомалӣ: “Футболи тоҷик дар марҳилаи ислоҳоту таҳаввулоти бунёдӣ қарор дорад”

Боз як соли футболи кишвар, ки саршор аз таасуроти фаромушнопазир,  эҳсосоти мусбӣ ва ғалабаҳои беназир буд, пушти сар мешавад. Соли 2017 барои футболи тоҷик чӣ гуна буд, чӣ дигаргуниҳо  овард ва ҳамакнун дар иртибот ба рушди минбаъдаи футболи кишвар кадом тадбиру нақшаҳо дар назаранд? Дар ин бора, ба таври муфассал Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зимни мусоҳибаи хеш дар сомонаи расмии ФФТ ибрози назар кард.

– Тайи солҳои охир бо дастгирию ҳидоятҳои ҳамвораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш бо шумули футбол ба таври бесобиқа рушду ривоҷ ёфт, – суҳбатро оғоз намуд Рустами Эмомалӣ. – Футболи мо ҳоли ҳозир марҳилаи ислоҳоту таҳаввулоти бунёдиро пушти сар кардан дорад.  Бо маром корҳо дар самти ислоҳоти куллии сохтори футбол ҳамаҷониба роҳандозӣ гардида, талошу ташаббусҳо баҳри ба талаботи ҷаҳони муосир мувофиқ намудани зербинои он идома дорад.

Бо мақсади такмили фаъолияти ташкилотчигӣ, сохтори нави Федератсияи футболи Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки ҷавобгӯи талаботи ҷаҳони муосир мебошад.

Дар футбол натиҷаҳо худ ба худ ба даст намеоянд, балки заҳмати сангину мунтазамро тақозо намуда, ба ҳосили кори ҳамарӯзаву самарабахш табдил меёбад.

Тайи солҳои охир ФФТ борҳо баҳои баландтарини Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Конфедератсияи футболи Осиёро (АФК) сазовор гардида, эътимоди ин созмонҳои бонуфузро дар самти роҳандозии мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ сазовор гардид.

Соли гузашта гурӯҳи коршиносони Федератсияи футболи Тоҷикистон бо дарназардошти асноди меъёриву ҳуқуқии амалкунандаи марбут ба реҷарезии дурнамо ва рушди минбаъдаи футбол дар сатҳи кишвару минтақа нақшаи рушди стратегии футболро таҳия намуд. Ҳадафи асосии ФФТ дар давраи солҳои 2017 то 2026 ин татбиқи бомуваффақонаи нақшаи стратегӣ ба шумор меравад, ки он тамаркузи тамоми неруро дар самти расидан ба мақсадҳои мавриди назар тақозо менамояд.

– Ба андешаи Шумо метавон соли 2017-ро барои футболи тоҷик соли бобарор унвон намуд?

– Мавсими сипаригардидаро тайи чанд соли охир яке аз муваффақтарин мавсимҳои футболи тоҷик метавон унвон кард. Дуруст аст ин ки соли 2017 басо мушкилу моломол аз маъракаҳои футбол дар кишвар буд, вале ҳамзамон шодию шӯру шавқро низ ба таркиб дошт.

Руйдодҳои рӯшану рахшо, пирӯзиҳо ва таасуроту эҳсосоти мусбат афзун буд. Қабл аз ҳама, мехостам махсусан комёбии се мунтахаби кишварро дар марҳилаҳои интихобии Чемпионати Осиё таъкид намоям.

Мунтахабҳои наврасон ва ҷавонони кишвар қобил ба дарёфти роҳхати марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё гардиданд. Ин эътибору шараф онҳоро дар мусобиқоти интихобие, ки дар сарзамини мо, саҳеҳтараш дар шаҳри Ҳисор сурат гирифтанд, баъди дар садри ҷадвали натиҷаҳо қарор гирифтанашон, муяссар афтод.

Дер боз футболи тоҷик дар таърихи худ чунин рӯйдоди фараҳбахшеро, ки  ду мунтахаби мамлакат – ҳам наврасон ва ҳам ҷавонон дар як  мавсим роҳашонро ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё ҳамвор намуда бошанд, ёд надорад. Бад-ин осо комёбӣ 11 сол пеш аз ин ба кишвари мо даст дода буд. Мунтахаби футзали кишвар низ, ки маротибаи дуюм пайопай ҳаққи ширкат дар чемпионати Осиёро бидуни ҷалби бозингарони футболи калон ба даст овард, боиси ифтихори мост.

Чемпионати навбатии Осиё, ки баргузориаш дар Тайбейи Хитой дар назар аст, барои мунтахаби Тоҷикистон даҳумин мусобиқоти таърихии фароқоравӣ ба шумор меравад.

Тавре ки қаблан қайд намудам, соли сипаригардида пур аз маъракаҳои футбол дар кишвар буд.Соли равон Тоҷикистон макони баргузории 5 мусобиқоти байналмилалӣ интихоб гардида буд.  Дар баробари марҳилаҳои интихобии Чемпионати Осиё байни наврасон ва ҷавонон, моҳи апрел дар шаҳри Душанбе барои аввалин бор марҳилаи интихобии мусобиқоти футболи занона низ сурат гирифт, ки дар доираи он мунтахаби бонувони кишвар нахустин бозии таърихиашро барпо намуд. Ба ғайр аз ин, дар чаҳорчӯбаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тобистони соли равон ду мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон ва духтарон бо иштироки мунтахабҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон ва Қирғизистон роҳандозӣ шуд.

Комёбии бошгоҳи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе, ки дар мусобиқаи Ҷоми КФО то ба марҳилаи ниҳоӣ расид, шоистаи таҳсин аст. Дар се соли ширкат дар мусобиқоти Ҷоми КФО қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон бори дуюм то ба сабқати ниҳоӣ расид. Аммо мутаасифона дар рақобати охирин ҷоизаи бонуфузи мазкурро моли худ карда натавонистем. Инро бидуни кадом як шубҳа метавон комёбии футболи тоҷик арзёбӣ намуд, агар-чӣ бохт дар майдони худ андак аламангез аст.  Ба иқрори бархе аз мутахассисону меҳмонони ифтихории чорабинӣ, аз нигоҳи ташкилӣ баргузории рақобати ниҳоии Ҷоми КФО, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Ҳисор доир гардид, дар таърихи ин маъракаи бонуфуз беҳтарин ба шумор меравад.

Яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихии дигар дар соли 2017, ин ифтитоҳи шабакаи телевизионии ФФТ “Футбол” дониста мешавад.  Дар таърихи Тоҷикистон ин аввалин шабакаи телевизионии тахассусӣ дар соҳаи футбол ба шумор рафта, дар шаклу сифати дақиқияташ баландтарини муосири HD  давоми 24 соат дар як шабонарӯз барномаҳои худро барои бинандагони сершумори мамлакат манзур мекунад.

Ҳадаф аз таъсиси бунгоҳи телевизионии “Футбол” ин на танҳо нишон додани рақобатҳою майдондориҳои дастаҳои муқтадиртарини дунё мебошад, балки тавассути он мусоидат намудан ба ҷараёни оммавигардонии ин риштаи варзиш дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ва интихоби тарзи ҳаёти солим аз сӯи онҳо низ ба шумор меравад. Дар фурсату фосилаи кӯтоҳи мавҷудияти худ шабакаи телевизионии “Футбол”, ки ҳамчун рӯйдоди фараҳбахштарин дар Соли ҷавонон аз худ дарак дод, дар ниҳоди миллионҳо нафар мухлис меҳру муҳаббатро ба футбол бедор намуд.

Тайи се соли охир ФФТ ба қатори сегонаи созмонҳои дар ҳоли рушди футболи Осиё шомил мебошад. Аксари коршиносон рушду ривоҷи футболи кишвар ва фаъолияти федератсияи моро мусбӣ арзёбӣ мекунанд, ки ин мояи ифтихори мост.

Назари Шумо дар нисбати баромади мунтахаби кишвар дар соли 2017?

– Мизони баҳогузории ҳар кадом федератсияи футбол ин баромади мунтахаби миллии мамлакат маҳсуб меёбад. Метавон бидуни фосила барои дуру дароз зербинои футболро такомулу ташаккул дод, нақшаву барномаҳои ҷадид таҳияву тарҳрезӣ кард, шарикону сарпарстонро ҷалб намуд, аз худ ташаббусҳои зиёд нишон дод, вале дар ин радифу росто муҳимтар аз ҳама ин аст, ки мунтахаби миллии мамлакат натиҷаҳои мусбӣ нишон дода, барои худ ба мусобиқаҳои бузурги Осиё роҳ кушояд.

Дар иртибот ба ҳунарозмоиҳои мунтахаби кишвари мо дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо таассуф ҳаминро метавон гуфт, ки қабл аз муҳлат тими миллии Тоҷикистон роҳхати ширкат дар ин чорабинии бонуфузро дарёфт накард. Маълум асту мусаллам, ки мунтахаби кишвар то ҳанӯз дар сабқатҳои ниҳоии мусобиқоти Ҷоми Осиё ширкат наварзидааст. Ҳамакнун, ҳаллу фасли ин масъалаву моҷаро то рақобати мунтахаби мо бо тими миллии Филиппин дар сафар, ки баргузориаш 27 марти соли оянда дар назар аст, ба таъхир уфтод. Барои убури марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби моро танҳо ғалаба қаноат дода метавонад. Умедворам, ки мунтахаби кишвар ба мусобиқоти Ҷоми Осиё барои худ роҳ мекушояд, вагарна ин давраро барои тими миллии Тоҷикистон метавон бебарор унвон намуд.

– Дар чаҳорчӯбаи барномаи “Forward” ФИФА дар Тоҷикистон як қатор пружаҳоро амалӣ гардид. Андешаҳои Шумо перомуни ин лоиҳаҳо?

Пеш аз ҳама бояд тазаккур дод, ки тайи солҳои охир Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҷомеаи футболи ҷаҳон мақому мартабаи худро тавассути татбиқи ҳадафмандонаю самарабахши барномаю лоиҳаҳои ФИФА ва КФО боло бурдан тавонист.  Дар ҳамоиши байналмилалии ФИФА, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Доха сурат гирифт, бино ба таъкиди ФИФА Федератсияи футболи Тоҷикистон аввалин ассотсиатсияи миллие мебошад, ки баҳри амалӣ намудани барномаи “Forward” қарордодро бо ин созмон ба имзо расонд.

Ин барнома мураттаб аз чанд лоиҳа мебошад . Агар мо сари Лигаи олии мамлакат сухан ронем, ҳаминро метавон гуфт, ки дар муддати се соли минбаъда аз ҷониби ФИФА баҳри рушду инкишофи футболи бошгоҳии кишвар ба ҷиҳати молиявӣ кӯмак расонида хоҳад шуд.  Дар доираи татбиқи лоиҳаи номбурда Федератсияи футболи мамлакат ва Лигаи футболи Тоҷикистон ба бошгоҳҳои кишвар аз нигоҳи молӣ, таъмини варзишгоҳҳо бо ҷиҳози зарурӣ, пардохти музди хидмати доварон, нозирон ва комиссарони бозиҳои баргузошаванда,  дастгирӣ менамояд.

Чуноне ки дар ҷаласаи охирини Кумитаи иҷроияи ФФТ қайд гардид, тамоми бошгоҳҳои ширкаткунандаи Лигаи олии кишвар бо либосҳои варзишӣ таъмин карда хоҳанд шуд. Барои бошгоҳҳо алакай микроавтобусҳо харидорӣ намуданд. Ба ғайр аз ин, бошгоҳҳои иштирокчии Лигаи олии мамлакат бо дарназардошти мавқеъи ишғолнамудаашон дар ҷадвали мусобиқа подошпулиҳои иловагӣ дарёфт мекунанд. Ин таҷриба дар таърихи футбол қаблан вуҷуд надошт.

Барои тақвияти тавонмандии мунтахабҳои мамлакат, таъмини мунтазаму муътадили онҳо, бо шумули бошгоҳҳои Лигаи олӣ ба ҷиҳати молиявӣ лозим меояд. Бинобар ин, лоиҳаи “Forward” , ки аз ҷониби ФИФА роҳандозӣ мешавад, дар Тоҷикистон айни муддаост.

Роҳандозӣ намудани шиори “Лигаи пурзӯр – мунтахаби пурзӯр” кори имконпазир аст. Ҳамчунин мехостам фаъолияти Лигаи футболи мамлакатро қайд кунам, ки солҳои охир баҳри пешравии футболи бошгоҳии кишвар хизмати босазо намудааст.

Лоиҳаи дигаре, ки мо дар доираи барномаи “Forward”  дар мамлакат татбиқ намуда истодаем, ин маблағгузории футболи кӯдакону наврасон мебошад. Имсол дар кишвар Лигаи кӯдакон ва наврасон дар доираи ду синну сол ва ду марҳила дар шакли бозиҳои рафту баргашт роҳандозӣ гардид. Маблағҳои ҷудонамудаи ФИФА баҳри пардохти сафари дастаҳои  футболбозони наврас ба шаҳру навоҳии кишвар ва ҳисобӣ кардани ҳаққи хизмати доварон, нозирон ва комиссарони бозиҳо масраф шуданд.   Ҳамчунин 21 дастаи иштирокчии Лигаи кӯдаконав ва наврасон бо либоси варзишии ширкати испании “Kelme” таъмин шуданд.

Лоиҳаи дигари барномаи “Forward”  ин маблағгузории курсҳои гуногуни омӯзишӣ мебошад. Чуноне ки маълум аст, омӯзишҳо дар ҳаёти ҳар шахс нақши муҳим ва калидиро мебозад. Ин яке аз боарзиштарин бозёфтҳоест, ки инсон дар тӯли умри худ метавонад аз он бархурдор шавад. Бо истинод ба нуктаи мазкур дар соли 2017 наздики 20 курсҳои омӯзишии мураббиён  бо мақсади дарёфти литсензияҳои дараҷаҳои “А”, “В”, “С”, курсҳои фитнес, футзал ва  машғулияти омӯзишӣ барои мураббиёни дарвозабонҳо рӯи даст гирифта шуданд.

Аз нигоҳи Шумо инфрасохтори футболи кишвар дар кадом вазъ қарор дорад?

– Дар ҳар намуди варзиш ба  зербинои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир бояд кард. Чаро ки барои варзишгар  шароити  хуби машқу тамрин фароҳам  оварда нашавад, пас аз ӯ натиҷаи назаррасро набояд интизор шуд.  Барои ҳамин дар ин марҳила рушд додани зербино лозим меояд.

Мавзӯъ ва масъалаи рушди футбол дар кишвар ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо мақсади тақвияту тавсеаи фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар самти ташкили футбол ва рушди бо суръати оммавигардонии футбол дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, имсол Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди футбол дар малакатро барои солҳои 2017-2021 қабул намуд.

Ҳукумати малакат футболро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати  иҷтимоии кишвар шумурда, баҳри оммавӣ гардонидани он ва ҷалби аҳолӣ бо мақсади таъмини оммавияти он, қадамҳои устувор мегузорад. Тайи чанд соли охир дар мамлакат варзишгоҳҳо ва майдончаҳои марбутаи зиёд сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Худи ҳамин сол дар маҳаллаҳои гуногуни пойтахти кишварамон зиёда аз 70 майдончаи варзишӣ бунёд гардида, мавриди истифодаи ваеъ қарор гирифт. Гузашта аз ин соли оянда дар пойтахти мамлакат бунёд намудани беш аз 90 майдончаҳои варзишии дигар дар назар аст.

Тобистони соли ҷорӣ Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо сабзаи сунъии сохти нав  пӯшонида шуд. Дар ин варзишгоҳ аллакай чанд мусобиқоти байналмилалӣ, аз ҷумла финали Ҷоми КФО баргузор гардид.  Тибқи нақша дар ибтидои соли оянда Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо фарши сунъии сабзи ҷадид таҷҳизонида хоҳад шуд.  Дар баробари ин, дар Варзишгоҳи асосии пойтахт дастгоҳи нурафшои нав насб карда мешавад.

Қабл аз ин, дар шаҳру навоҳии гуногуни кишвар аз ҷониби ФФТ зиёда аз 10 майдончаи хурди варзишӣ сохта мавриди истифода қарор гирифт. Соли гузашта дар доираи барномаи КФО “AFC president’s initiatives” дар Қурғонтеппа ва Данғара чаҳор майдончаи хурди варзишӣ бо сабзаи сунъӣ таҳия гардид, ки феълан мавриди баҳрабардорист. Имсол бошад, дар заминаи ҳамин барнома дар ҳудуди варзишгоҳи “Автомобилист”-и пойтахт 4 майдончаи хурди дигар бунёд ёфт.  Бо эътино ба зерсохтори мавҷуда, фикр мекунам, ки мо варзишгоҳи футболбозии муосири дараҷаи “элит” ё ба ибораи дигар сатҳи “зубда”-ро надорем. Бунёди чунин варзишгоҳи замонавӣ дар оянда тибқи нақша дар назар аст.

– Шумо навиди фараҳбахшеро, ки дар мавсими соли 2019 қаҳрамони Тоҷикистон имкони билоэҳтимолии ҳаққи ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-ро ба даст хоҳад овард, чӣ гуна пазируфтед?

– Мусбат пазируфтам. Ин ки бошгоҳи “Истиқлол”  тайи 3 соли охир 2 маротиба то марҳилаи ниҳоии мусобиқоти Ҷоми КФО роҳ ёфт, бозгӯи он аст, ки қаҳрамони феълии кишвар баҳри иштирок дар чунин чорабинии бонуфуз ҳаматарафа омода мебошад.  Дар футбол бояд ҳамеша баҳри фатҳи қуллаҳои мақсуд талош ба харҷ дод.

Боиси хушнудист, ки шурӯъ аз соли равон чемпиони мамлакат оид ба футзал ҳам ҳуқуқи ширкат дар мусобиқоти фароқоравии бошгоҳии  Осиёро дарёфт. Танҳо дар рақобат бо ҳарифони пурзӯр метавон сатҳи малакаю маҳорати худро ба гоҳи бозӣ баланд бардошт.

– Таманниёти Шумо дар фарҷоми суҳбат барои тамоми дӯстдорони футболи Тоҷикистон.

– Пеш аз ҳама тамоми футболбозону мураббиён, роҳбарони бошгоҳҳо ва менеҷерон, собиқадорон ва доварон, мутахассисони футбол, рӯзноманигорон ва мухлисони футболи кишварро бо Соли нави интизор табрику таҳният мегӯям! Миннатдории хосаи худро ба мухлисон, ки давоми мавсим моро ҳамшарику дастгир буданд иброз намоям. Фикр мекунам, ки моро дар пеш соли пурбарор мунтазир мебошад. Танҳо заҳмати хастагинопазир натиҷаву самараи дилхоҳ ба бор меорад.  Ба ҳамагон саломатӣ,  рӯҳбаландӣ ва комгориҳо орзумандам! Бигзор то футболи тоҷик ба фатҳи қуллаҳои баландтарин даст ёбад ва тамоми мухлисони хешро хушбахту саодатманд  гардонад. Дар футбол ба даст овардани натиҷаҳои   мусбат фурсат мехоҳад. Итминон медиҳам, ки баъди чанде заҳмату талошҳои мо самар хоҳанд овард.

Добавить комментарий