Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Қатар сафар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Қатар сафар кард

Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ҷамъомади омӯзишӣ-машқии худро дар Душанбе анҷом дода, субҳи барвақти имрӯз, 14-уми сентябр, ҷиҳати иштирок дар бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 ба Дохаи Қатар сафар кард.

Мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо мунтахабҳои наврасони Қатар, Ироқ ва Туркманистон барои баромадан ба марҳилаи ниҳоӣ мубориза мекунад.

Дружинаи Зайниддин Раҳимов дар доираи ин мусобиқа бозии аввали худро рӯзи 16 сентябр аз бозӣ бо мунтахаби наврасони Ироқ оғоз мекунад. Дар даври дуюми рақобатҳо, ки рӯзи 18 сентябр доир мегардад, мунтахаби наврасони мо бо ҳамсолони туркманашон рӯбарӯ мешаванд. Дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа бошад наврасони тоҷик рӯзи 20 сентябр бо соҳибони майдон вомехӯранд. Ҳамаи бозиҳо дар ин квартет дар Варзишгоҳи  «Aspire Dome Indoor Stadium» – Доха баргузор мешаванд.

Ёдовар месозем, ки ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 ғолибони ёздаҳ гурӯҳи марҳилаи интихобӣ ва чор дастаи ҷои дуюми нишондиҳандаи беҳтар дошта роҳхат мегиранд.

 

Ҳайати мунтахаби наврасони зери 16солаи Тоҷикистон барои иштирок дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2016:

Дарвозабонҳо: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Хисрав Раҳимов («Саройкамар»), Меҳвар Сулаймонов («Помир»);

Муҳофизон: Ваҳдат Ханонов, Шаҳром Абдуллоев (хар ду аз «Истиқлол»), Султоншо Мирзоев, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Ҳусейн Нурматов, Амир Иброҳимов, Манучеҳр Сафаров, Ҳувайдо Малиев (ҳама аз «Помир»); 

Ниммуҳофизон: Саидмухтор Азимов, Аслам Камолов, Шервони Мабатшоев, Фаридун Неъматов, Искандар Солиев («Помир»), Зиёвуддин Фузайлов («Истиқлол»); 

Ҳамлагарон: Мубинҷон Муминов, Рамз Амрохонов, Аваз Қамчинов, Тоҳир Малодустов, Шаҳзод Давлатов («Помир»), Далер Ёдгоров («Истиқлол»).

Ҳайати роҳбарикунанда: Анваршо Мирзоев – роҳбари ҳайати намояндагӣ, Улуғбек Каримов – менеҷер, Зайниддин Раҳимов – сармураббӣ, Сафаралӣ Раҳмонов – мураббии калон, Амоншо Содатсайров – мураббии дарвозабонҳо, Баҳодур Носиров – духтур, Бахтиёр Маҷидов – маъмур.

 

Тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 байни наврасони зери 16сола дар гурӯҳи «С»:

Даври 1-ум

16 сентябр (чоршанбе)

18:00 – Қатар – Туркманистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Ироқ

 

Даври 2-юм

18 сентябр (ҷумъа)

18:00 – Туркманистон – ТОҶИКИСТОН

21:00 – Ироқ – Қатар

 

Даври 3-юм

20 сентябр (якшанбе)

18:00 – Қатар – ТОҶИКИСТОН

21:00 – Ироқ – Туркманистон

Эзоҳ: Соати бозиҳо бо вақти Душанбе

Добавить комментарий