Фестивали футболи КФО (U-14): Тоҷикистон Шри-Ланкаро шикаст дод – Федерация Футбола Таджикистана

Фестивали футболи КФО (U-14): Тоҷикистон Шри-Ланкаро шикаст дод

Рӯзи душанбеи 25 май, дар Академияи клуби футболи “Истиқлол”, воқеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Фестивали футболии Конфедератсияи футболи Осиё баргузор шуд. Дар Фестивал  дастаҳои мунтахаби наврасони зери 14 солаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ иштирок доранд. Наврасони Тоҷикистон ҳамсолони худро аз Шри-Ланка бо ҳисоби бузурги 7 бар 0 шикаст доданд. Бозии миёни мунтахабҳои наврасони Эрону Ҳиндустон дар гурӯҳи “А” мусовӣ 2 бар 2 поин ёфт.

Имрӯз, 26 май бозиҳои охирини Фестивал баргузор мешаванд. Соати 8.30 Эрон бо Покистон, соати 9.45 Тоҷикистону Непал ва соати 11.15 Ҳиндустон бо Афғонистон вориди рақобат мешаванд. Маросими пӯшидашавии Фестивал соати 12.30 барпо мегардад.

 

Фестивали минтақавии футболии КФО (U-14) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

ТОҶИКИСТОНЭрон – 2:3

Голҳо: Ҷавод Яри, 21 (0:1). Алиризо Асадободи, 33 (0:2). Исроил Холов, 45 (1:2). Алиризо Асадободи, 56 (1:3). Байёни Акбар, 58 (2:3).

Даври 2-юм

Ҳиндустон – ТОҶИКИСТОН – 0:1

Гол: Азизбек Ҳасанов, 30+1.

Эрон – Шри-Ланка – 4:0

Даври 3-юм

ҲиндустонЭрон – 2:2

ТОҶИКИСТОН – Шри-Ланка- 7:0

Афғонистон – Непал 0:2

26 май (сешанбе)

8.30 – 1 «А» – 2 «В»

9.45 – 1 «В» – 2 «А»

11.15 – 3 «А» – 3 «В»

12.30 – Маросими пӯшидашавӣ

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Эрон 3 2 1 0 9-4 7
2 ТОҶИКИСТОН 3 2 0 1 10-3 6
3 Ҳиндустон 3 1 1 1 8-3 3
4 Шри-Ланка 3 0 0 3 0-17 0

 

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Непал 2 2 0 0 3-0 6
2 Покистон 2 1 0 1 1-1 3
3 Афғонистон 2 0 0 2 0-3 0

 

26 май (сешанбе)

8.30 – Эрон – Покистон

9.45 – Непал – ТОҶИКИСТОН

11.15 – Ҳиндустон – Афғонистон

12.30 – Маросими пӯшидашавӣ

Добавить комментарий