Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев пас аз шикастани устухони рухсорааш дар бозӣ муқобили тими миллии Лубнон дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2024» бомуваффақият ҷарроҳӣ шуд.
Зоир Ҷӯрабоев дар охири нимаи аввали бозӣ, вақте ки ҳамлагари рақиб бо зонуаш ба рӯи футболбози мо зад, ҷароҳат бардошт.
«Ба Зоир Ҷӯрабоев ташхиси шикасти устухони рухсора аз ду ҷой аз тарафи рост бо беҷошавии устухонпораҳо гузошта шуд. Амалиёт ҷарроҳӣ дар клиникаи «Ara Damansara Medical Centre» дар Малайзия бобарор пушти сар шуд. Зоир ҳоло худро хуб ҳис мекунад. Пас аз ду ҳафта ӯ метавонад ба тамрин баргардад», – гуфт духтури тими миллии Тоҷикистон Саидмаҳмад Ниёззода.