24 феврал маросими қуръакашии чемпионати Тоҷикистон-2023 баргузор мегардад – Федерация Футбола Таджикистана

24 феврал маросими қуръакашии чемпионати Тоҷикистон-2023 баргузор мегардад

Маросими қуръакашии тақвими бозиҳои қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ 24 феврал дар толори «Кохи Парфенон»-и пойтахт сурат мегирад. Чорабинӣ соати 10:00 оғоз мешавад.

Дар 32-юмин чемпионати Тоҷикистон даҳ бошгоҳ – «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳарду аз Хуҷанд), «Хатлон» (Бохтар), «Файзканд» (Восеъ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Куктош» (Рӯдакӣ) ширкат мекунад.

Мавсими нави мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон 1 апрел оғоз шуда, мисли соли гузашта дар ду марҳила роҳандозӣ мегардад. Дар марҳилаи аввал – даҳ даста дар ду давра бозӣ мекунад. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал бадастоварда нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи натоиҷи марҳилаи аввал панҷ бошгоҳи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр бозӣ карда, барои зинаҳои аз 1 то 5-ум мубориза мебарад. Панҷ дастаи боқимонда дар як давр дар гурӯҳи «Б» барои боқӣ мондан дар лигаи олӣ нерӯ месанҷанд ва ду дастаи поёнӣ ба лигаи якум меравад. Дар маҷмуъ ҳар як даста дар чемпионати Тоҷикистон-2023 22 бозигӣ анҷом медиҳад.

Назари худро бинависед