Виталий Левченко: «Мо ду қисми аз ҳамдигар фарқкунандаро гузарондем» – Федерация Футбола Таджикистана

Виталий Левченко: «Мо ду қисми аз ҳамдигар фарқкунандаро гузарондем»

Сармураббии “Истиқлол”-и Душанбе Виталий Левченко баъд аз бозии даври ифтитоҳии Ҷоми КФО-2020 дар гурӯҳи “Д” бо “Хуҷанд”-и Хуҷанд (2:0) иброз намуд, ки шогирдони ӯ ду қисми аз ҳамдигар фарқкунандаро гузаронданд.

 

Виталий ЛЕВЧЕНКО, сармураббии «Истиқлол»:

– Мехоҳам аз номи даста мухлисони худамонро ба ғалаба табрик кунам. Мутаассуфона, бо сабабҳои маълум онҳо имкон надоштанд, ки дар бозӣ иштирок кунанд. Фикр мекунам, ки дар пеши телевизион нишаста, бозӣ ба онҳо маъқул афтод. Вобаста ба бозӣ бошад, ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки  бозӣ ба ду қисм тақсим шуд. Агар дар қисми аввал мо бозиро пурра назорат карда, ташаббусро ба дасти худ гирифта, лаҳзаҳои головарро созмон дода, ба задани гол муваффақ шуда бошем, дар қисми дуюм бачаҳо бештар барои нигоҳ доштани ҳисоб кӯшиш карданд. Аз ин рӯ, дар амалҳои онҳо номуайянӣ дида мешуд. Мо ин мавзуро таҳилу баррасӣ мекунем, албатта.

Дар нимаи аввал рақиб дар мудофиа мавқеи бештар дошт ва ба мо фишор наовард. Ҳангоми танаффус ман ба бачаҳо гуфтам, ки истода нашуда, ҳаракати худро афзоянд ва ба ҳариф имкон надиҳанд, ки ба онҳо фишор биоварад.  Аммо, ҳама чӣ ба ҳолати равонии бозигарон вобастагӣ дорад. Вақте ки даста бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуда истодаст, маъмулан бозигарон чунин мешуморанд, ки вазифа аллакай иҷрошуда аст. Фикр мекунам, ки ҳеҷ чизи ташвишоваре ҷо надорад ва  мо хулоса мебарорем.

Назари худро бинависед