Виталий Левченко: «Мо барои Суперҷом талош хоҳем кард» – Федерация Футбола Таджикистана

Виталий Левченко: «Мо барои Суперҷом талош хоҳем кард»

Сармураббии “Истиқлол” Виталий Левченко дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон муқобили “Хуҷанд” иброз намуд, ки ягон хел бепарвоӣ вуҷуд надорад ва дастааш барои Суперҷом талош хоҳад кард. Бозӣ барои суперҷоми Тоҷикистон байни “Истиқлол” ва “Хуҷанд” рӯзи 4 апрел, соати 17:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бе иштироки мухлисон баргузор мешавад.

 

Виталий ЛЕВЧЕНКО, сармураббии «Истиқлол»:

– Бозӣ барои Суперҷом – ин оғози мавсими нави футбол дар Тоҷикистон мебошад. Аз фурсат истифода карда, мехоҳам мухлисони футболро ба ин муносибат муборакбод кунам. Он гуна, ки худи шумо огоҳӣ доред, вобаста ба пандемияи коронавирус дар тамоми кишварҳои дунё баргузории чемпионатҳо боз дошта шуданд. Худоро шукр, ки то ҳоло дар Тоҷикистони мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст ва дар мамлакат мавсими нави футбол оғоз мегардад.  Дар робита ба бозии дарпешистода барои Суперҷом бошад ҳаминро гуфтаниям, ки мо бозии хубро интизорем. “Хуҷанд” рақиби хуб ва бомаҳорат аст ва дар назди худ ҳамеша ҳадафҳои баландро мегузорад. Рақиб ҳайати худро нав кард. Ба даста мураббии нав омад, ки фалсафаи худро дорад. Мо ба бозӣ дар ҳолати корӣ омодагӣ мебинем. Ҳамааш тибқи нақша иҷро мешавад. Мо ҳеҷ гуна рӯҳияи бадбинӣ надорем, ҳарифро эҳтиром мекунем ва дар баробари ин тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳем дод, то ғолиби Суперҷоми Тоҷикистон гардем. Оне ки бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон бидуни мухлисон баргузор мешавад, ман фикр мекунам ин қарори дуруст аст. Албатта, вақте мухлисон дар варзишгоҳ ҳастанд, бозигарон мефаҳманд, ки онҳо барои кӣ бозӣ мекунанд ва будани мухлисон ба бозингарон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.  Аммо ман фикр мекунам, ки бозӣ дар майдонҳои холӣ набояд ба он таъсир расонад. Аз ин фурсат истифода бурда, ба мухлисон муроҷиат мекунам, то онҳо сабр кунанд. Хуб аст, ки дар мо чемпионат сар мешавад. Дар дигар кишварҳо мухлисон тамоман аз футбол маҳруманд.

 

Алишер ҶАЛИЛОВ, капитани «Истиқлол»:

– Мехоҳам ҳамаро бо оғози мавсими нави футбол табрик кунам. Мо ба бозии дарпешистода хеле ҷиддӣ тайёрӣ дидем. Албатта, мо бозии душворро интизорем. Бозиҳои финалӣ ва бозиҳо барои Суперҷом, тавре ки шумо медонед, аз як бозӣ иборатанд. Ин бозиҳои махсус мебошанд – ҳамеша талошу кӯшиш ва рақобатҳо вуҷуд дошта, ҳатто  як дақиқаи онҳо осон нест. Мо ба бозӣ омодаем, рӯҳияи бачаҳо олӣ аст, фазо дар даста ҳам хуб аст. Ҳамаашро бозии фардо нишон хоҳад дод, ки мо бо кадом ҳолат ба бозӣ ворид мегардем.

Назари худро бинависед