Ваҳдат Ҳанонов голи ба дарвозаи тими миллии АМА задаашро ба бародараш бахшид – Федерация Футбола Таджикистана

Ваҳдат Ҳанонов голи ба дарвозаи тими миллии АМА задаашро ба бародараш бахшид

Ҳимоятгари марказии тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов беҳтарин бозигари бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 муқобили тими Амороти Муттаҳидаи Араб эътироф шуд.

Ин дидор 28 январ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Доҳа баргузор шуд. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Мухлисон дар ду қисмати изофӣ шоҳиди гол нашуданд. Дар зарбаҳои пеналти футболбозони дастаи мо ғалаба карданд – 5:3.

Ваҳдат Ҳанонов 120 дақиқаро дар майдон гузаронида, ҳисобро дар дақиқаи 30-юм боз кард. Вай инчунин яке аз пеналтиҳоро дар силсилазарбаҳо ба самар расонд.

Ваҳдат Ҳанонов дар нишасти хабарии пас аз бозӣ гуфт, ин голро ба бародараш бахшид, ки чанд сол пеш аз олам чашм пӯшидааст ва эҳсосоти худро пас аз задани гол дошта натавонист.

«Ман аз ин гол хеле шод гаштам. Ин голро ба бародарам мебахшам. Ҳоло ӯ бо мо нест», – гуфт ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон пас аз бозӣ.

Назари худро бинависед