Қуръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ-2021 рӯзи 8-уми январ баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Қуръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ-2021 рӯзи 8-уми январ баргузор мешавад

Рӯзи ҷумъаи 8 январ қуръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе баргузор мешавад. Чорабинӣ дар маҷлисгоҳи дафтари ФФТ, соати 10:00 оғоз мешавад.

Қобили қайд аст, ки мусобиқаи имсола барои дарёфти Ҷоми ФФТ ҷашнӣ буда, бори 10-ум баргузор хоҳад шуд. Тибқи нақшаи баргузоркунандагон мусобиқа дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ доир мешавад. Дар марҳилаи пешакӣ дастаҳо дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон бозӣ мекунанд. Марҳилаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе аз 24 то 30 январ баргузор мегардад. Баргузории қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ аз 9 то 21 феврал дар пойтахти кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Назари худро бинависед