Тоҳир Тағойзода – беҳтарин бозингар ва Аслиддин Ҳабибуллоев – беҳтарин мураббии Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 дар моҳи май дониста шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Тоҳир Тағойзода – беҳтарин бозингар ва Аслиддин Ҳабибуллоев – беҳтарин мураббии Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 дар моҳи май дониста шуданд

Лигаи футболи Тоҷикистон натиҷаҳои моҳи майро ҷамъбаст намуда, беҳтарин бозингар ва беҳтарин мураббии Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 дар байни дастаҳои лигаи олӣ дар моҳи майро муайян намуд.

Бозингари беҳтарини моҳи май нимҳимоятгари “Хатлон”-и Бохтар Тоҳир Тағойзода дониста шуд. Тоҳир дар се бозӣ пай дар пай ба дарвозаи дастаҳои рақиб, аз ҷумла “Равшан” (2:1), “Кӯктош” (2:0) ва “Истаравшан” (2:1) ба задани гол муваффақ шуда, ғалабаи дастаашро таъмин намуд.

Тибқи натиҷагирии Лигаи футболи Тоҷикистон сармураббии “Хатлон” Аслиддин Ҳабибуллоев беҳтарин мураббии Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 дар моҳи май эътироф гардид. Зери роҳбарии Аслиддин Ҳабибуллоев дастаи “Хатлон” дар моҳи май чор бозӣ гузаронида дар сетои он ғолиб гардид ва ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа баромад.

Ба беҳтаринҳои моҳи майи Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 пеш аз бозии даври даҳум байни “Файзканд” ва “Хатлон” мукофотҳои пулӣ ба ҳар кадоме ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ супорида мешаванд.

Назари худро бинависед