Тими миллии Тоҷикистон рӯзҳои 5 ва 9 июн бо мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон рӯзҳои 5 ва 9 июн бо мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Мунтахаби Тоҷикистон дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи июн ду бозии дӯстона дар майдони худ баргузор мекунад.

Ҳарифи тими миллии мо яккачини Ҳиндустон аст, ки дар Ҷоми миллатҳои CAFA-и охир соҳиби медалҳои биринҷӣ шуда буд. Вохӯрии аввал рӯзи 5 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, бозии дуюм 9 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегардад. Ҳарду рақобат соати 20:00 оғоз мешавад.

Бозиҳои дарпешистода нахустин вохӯриҳои Игор Ангеловский дар мақоми сармураббии мунтахаби Тоҷикистон хоҳанд буд.

Назари худро бинависед