Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе барои бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ вориди шаҳри Риёз шуд.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд, ки аз ин шумора 23 нафар ба дархости ниҳоӣ шомил хоҳанд шуд.
Қобили зикр аст, ки бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон 21 март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
🏆 Ҷоми ҷаҳон-2026. Марҳилаи интихобӣ
✅ Даври дуюм. Гурӯҳи «G»
📅 21 март (панҷшанбе)
⌚️ Оғоз – соати 23:59 ба вақти Душанбе
🇸🇦 Арабистони Саудӣ – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН
🏟 Риёз, Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд