Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев ба шаҳри Бейрут сафар кард, ки дар он ҷо ҷамъомади таълимиву тамринӣ баргузор менамояд.
Дар марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба қисми интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи ҷавонони мо ду бозии санҷишӣ бар зидди ҳамсолони худ аз Лубнон анҷом медиҳад. Вохӯриҳо рӯзҳои 21 ва 24 август баргузор мешаванд.
Пас аз анҷоми ҷамъомади тамринӣ дар Лубнон, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба Баҳрайн сафар карда, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 иштирок хоҳад кард.
Бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «D» аз 31 август то 6 сентябр дар шаҳри Манама доир мешаванд. Дар ин марҳила мунтахаби мо бо дастаҳои Баҳрайн (31 август), Афғонистон (3 сентябр) ва Урдун (6 сентябр) рақобат мекунад.