Дар Ҳисор марҳилаи муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2026/27 миёни занон оғоз мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Ҳисор марҳилаи муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2026/27 миёни занон оғоз мешавад

Имрӯз, 17 август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор марҳилаи муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои КФО 2026/27 миёни бонувон дар гурӯҳи «Е» оғоз мегардад.

Барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа бошгоҳҳои КМВА (Тоҷикистон), «Бам Хотун» (Эрон), «Иттиҳод» (Урдун) ва «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) рақобат мекунанд.

Қабл аз оғози мусобиқа дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони КФО, кумитаи тадорукот ва роҳбарони дастаҳо ҷаласа баргузор шуд. Дар рафти вохӯрӣ ранги либоси бошгоҳҳо тасдиқ гардиданд.

Бозиҳои гурӯҳи «Е» дар Ҳисор рӯзҳои 17, 20 ва 23 август баргузор мешаванд. Дар натиҷаи мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ ба даври минбаъда роҳхат мегирад.

Назари худро бинависед