Ташкилоти суғуртавии «БИМА» дастгирии доварони футболи Тоҷикистонро давом медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Ташкилоти суғуртавии «БИМА» дастгирии доварони футболи Тоҷикистонро давом медиҳад

Дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон байни департаменти доварон ва нозирони ФФТ ва ташкилоти суғуртавии «БИМА» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Қарордодро роҳбари департаменти доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Абдуллоев ва директори генералии ташкилоти суғуртавии «БИМА» Неъмат Ҷалолиддинов имзо карданд.

Бояд гуфт, ки департаменти доварон ва нозирони ФФТ ва ташкилоти суғуртавии «БИМА» ду сол боз ҳамкории зич доранд. Ташкилоти «БИМА» лоиҳаи «Мактаби доварони футбол»-и Департаменти доварон ва нозирони ФФТ-ро дастгирӣ мекунад.

Ба гуфтаи Рустам Абдуллоев, таҷҳизоти доварӣ ва лавозимот барои доварони ҷавони Тоҷикистон бо маблағҳои ширкати суғуртавии «БИМА» харидорӣ мешаванд.

Назари худро бинависед