Ташаккур ба мухлисон барои дастгирии тими миллии Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Арабистони Саудӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Ташаккур ба мухлисон барои дастгирии тими миллии Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Арабистони Саудӣ

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухлисон барои дастгирии тими миллии кишвар дар бозии чоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо тими миллии Арабистони Саудӣ (1:1), изҳори сипос мекунад.

Ба ҳамаи мухлисоне, ки ба Варзишгоҳи марказии Душанбе омада, ба дастаи Тоҷикистон мухлисӣ карданд, аз самими қалб изҳори сипос менамоем. Ташаккур ба роҳбари гурӯҳи мухлисони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон Шуҳрат Шонов ва Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон барои дастгирӣ!

Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамчунин ба тамоми хадамоте, ки дар ташкил ва баргузории бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар Душанбе саҳм доштанд, миннатдорӣ баён мекунад.

Назари худро бинависед