Федератсияи футболи Тоҷикистон ба тамоми мухлисон барои дастгирии тими миллии кишвар дар бозии аввали даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо тими миллии Урдун (1:1), ки 16 ноябр дар Душанбе сурат гирифт, миннатдорӣ баён менамояд.
Мо ба ҳамаи мухлисоне, ки ба Варзишгоҳи марказии Душанбе омада, дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дастгирӣ карданд, аз самими қалб изҳори сипос мекунем. Ташаккури зиёд барои мухлисии самимӣ ва ҳақиқӣ! Махсусан ба роҳбарони гурӯҳи мухлисони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон – Саъдӣ Исмоилову Шуҳрат Шонов ва ҳамчунин ба Ассотсиатсияи блогерон ва вайнерҳои Тоҷикистон барои дастгирӣ изҳори миннатдорӣ менамоем.
Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамчунин ба тамоми хадамоту сохторҳое, ки дар ташкил ва баргузории бозии интихобии ҶҶ-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун дар Душанбе саҳм доштанд, ташаккур мегӯяд!