Таркиби гурӯҳҳои қисми дуюми Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 муайян шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Таркиби гурӯҳҳои қисми дуюми Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 муайян шуданд

Марҳилаи дуюми Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олӣ ба охир расид ва дар пайи он ҳайатҳои ду гурӯҳи қисми дуюми чемпионат муайян шуданд. 

Акнун дар қисми дуюми чемпионати Тоҷикистон дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар қисми аввал ба даст оварда нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи натоиҷи қисми аввал панҷ бошгоҳи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр байни ҳам бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1 то 5-и ҷадвал мубориза мебаранд. Инҳо «Истиқлол» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва КМВА (Душанбе) мебошанд. 

Панҷ бошгоҳи боқимонда – «Истаравшан» (Истаравшан), «Файзканд» (Восеъ), «Эсхата» (Хуҷанд), «Равшан» (Зафаробод) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дар гурӯҳи «В» дар алоҳидагӣ рақобат карда, барои ҷойҳои аз 6 то 10-ум мубориза мебаранд.  Дар охири мавсим ду дастаи поёнӣ ба лигаи якум мераванд. Дар маҷмуъ ҳар даста дар чемпионати Тоҷикистон-2022 22 бозӣ анҷом медиҳад. 

Бояд гуфт, ки ҳангоми тартиб додани тақвими даври сеюми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 дастаҳо мувофиқи натоиҷи худ дар ду даври лигаи олӣ рақамҳои силсилавӣ мегиранд.

Назари худро бинависед