Ба ҳайати мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон ду мутахассиси дигар илова шуд.
Мутахассиси 40-сола аз Черногория Владимир Крунич мураббии тарбияи ҷисмонии тими миллии Тоҷикистон таъйин гардид. Қаблан ӯ бо Петр Сегрт дар тимҳои миллии Афғонистон ва Малдив кор кардааст. Крунич дар аҳди Миодраг Радулович низ масъули омодагии ҷисмонии бозигарон дар тимҳои миллии Лубнон ва Мянмар фаъолият намудааст. Ҷойи охирини кори Владимир Крунич тими миллии Ироқ буд, ки дар он ҷо ба мутахассиси ҳолландӣ Дик Адвокат кӯмак мекард.
Мутахассиси 46-сола Алишер Тӯйчиев, ки дар замони дарвозабон буданаш дар ҳайати мунтахаби кишвар 42 бозӣ анҷом додааст, мураббии дарвозабонҳои тими миллии Тоҷикистон шуд. Тӯйчиев қаблан ҳам дар тими миллии Тоҷикистон ба ҳайси мураббии дарвозабонҳо кор кардааст.