«Соро компания» қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон оид ба футзал шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Соро компания» қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон оид ба футзал шуд

Бошгоҳи «Соро компания»-и Душанбе таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов барои чаҳорумин бор дар таърихи худ унвони қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футзалро ба даст овард. 

Имрӯз, 19-уми ноябр дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп» бозии сеюми силсилаи ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он «Соро компания» бар «Истиқлол» бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд. Аз ҳайати «Соро компания» легионери эронӣ Шаҳром Шарифзода дубл анҷом дод. Идрис Ёров ва Муҳсин Муҳаммадзода як голии дигар заданд. Аз дастаи «Истиқлол» Рустам Ҳамидов ду гол, Абдуқаюм Умаров як голро марбути номи худ карданд.

Ҳамин тариқ, «Соро компания» дар бозии сеюми силсилаи ниҳоӣ пирӯз шуда, қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон оид ба футзал гардид. Дастаи Пайрав Воҳидов қаблан дар солҳои 2018, 2019 ва 2021 соҳиби медалҳои тилло шуда буд.

Медалҳои нуқраи Суперлигаи Тоҷикистон-2022 насиби футзалбозони «Истиқлол» ва медалҳои биринҷӣ насиби тими «Истаравшан» гардид.

 

Суперлигаи Тоҷикистон-2022 оид ба футзал

Финал. Бозии сеюм

«Истиқлол» – «Соро компания» – 3:4

Голҳо: Рустам Ҳамидов, 18 (1:0). Абдуқаюм Умаров, 20 (2:0). Идрис Ёров, 24 (2:1). Шаҳром Шарифзода, 29 (2:2). Муҳсин Муҳаммадзода, 30 (2:3). Шаҳром Шарифзода, 30 (2:4). Рустам Ҳамидов, 37 (3:4).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Муҳсин Муҳаммадзода («Соро компания»).

Ҳисоб дар силсила – 0:3.

Назари худро бинависед