Дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, 12 август, байни Лигаи футболи Тоҷикистон ва Ширкати байналмилалии букмекерии “Parimatch” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки тибқи он яке аз бузургтарин ширкатҳои букмекерӣ дар Аврупо ва ИДМ сарпарасти мусобиқа барои дарёфти Ҷом ва бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон шуд. Ғайр аз ин, ширкати “Parimatch” мақоми шарики расмии Лигаи футболи Тоҷикистонро ба даст овард.
Дар созишнома, ки барои се сол баста шудааст, Ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода ва Директори генералии Ширкати “Parimatch Тоҷикистон” Абдусаттор Ҳасанов имзо гузоштанд.
Дар доираи созишномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ нишонии Ширкати букмекерии “Parimatch Тоҷикистон” дар ҳамаи варзишгоҳҳое, ки бозиҳои дастаҳои лигаҳои оливу якуми Тоҷикистон баргузор мешаванд, гузошта мешавад.
Дилшод Ҷӯразода, Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон:
– Мо хеле хушҳолем, ки бо Ширкати маъруфе ҳамчун “Parimatch” шартномаи дуҷонибаи ҳамкориро ба тасвиб расонидем. Ширкати “Parimatch” дар Аврупо ва кишварҳои ИДМ шӯҳрати зиёд дорад. Мо аз он хурсандем, ки мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон, ки дар он тамоми клубҳои саросари кишвар ширкат мекунанд ва ғолиби он ҳуқуқи намояндагии Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC дорад, дар шахси Ширкати “Parimatch” шарики қавӣ пайдо намуд. Мутмаинам, ки ҳамкориҳои мо мутақобилан судманд ва давомдор хоҳанд буд.
Абдусаттор Ҳасанов, Директори генералии Ширкати букмекерии «Parimatch Тоҷикистон»:
– Дастгирии футбол дар Тоҷикистон як омили муҳими сиёсати иҷтимоии ширкати мо мебошад. Иштирок кардан ҳамчун сарпарасти унвонии мусобиқа барои дарёфти Ҷом ва бозии Суперҷоми Тоҷикистон ва инчунин шарики Лигаи футболи Тоҷикистон будан барои ширкати мо як имконияти хубест, ки ҳадафҳои худро дар оммавӣ сохтани варзиш ва дастгирии футболи тоҷик амалӣ созад. Мо якҷо бо шарикони худ ният дорем, ки Ҷоми Тоҷикистонро ба сатҳи сифатан нав бардорем.