Шикасти Тоҷикистон аз Уганда дар «Ҷоми Наврӯз-2022» – Федерация Футбола Таджикистана

Шикасти Тоҷикистон аз Уганда дар «Ҷоми Наврӯз-2022»

Дар Намангони кишвари Ӯзбекистон мусобиқоти байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» бо иштироки чор дастаи мунтахаб оғоз ёфт.
Дар бозии нахуст мунтахаби Тоҷикистон бо мунтахаби Уганда вориди майдон шуда, вақти асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 8-уми дидор Эммануэл Арнолд Окви боз намуд. Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 39-уми вохӯрӣ таносубро барқарор намуд.

Баҳри муайян кардани ғолиб дастаҳо ба задани силсилазарбаҳои пеналтӣ пардохтанд, ки онҷо мунтахаби миллии мо аз яккачини Уганда бо ҳисоби 4:5 дучори шикаст шуд.
Дар бозии дигари даври 1/2 ниҳоии мусобиқот дастаи мунтахаби Узбекистон бар тими миллии Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Назари худро бинависед