Шӯрои кумитаи техникии ФФТ натиҷаи нимсолаи аввалро ҷамъбаст кард – Федерация Футбола Таджикистана

Шӯрои кумитаи техникии ФФТ натиҷаи нимсолаи аввалро ҷамъбаст кард

Имрӯз, 28 июл дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои Кумитаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон бо иштироки ноиби президенти созмон Алишер Урунов, дабири кулл Фурқат Ахмедҷонов ва директори техникӣ Салоҳиддин Ғафуров баргузор гардид.

Дар ҷаласа директорони Лигаи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар, Лигаи футзали Тоҷикистон, Лигаи футболи бонувони ҷумҳурӣ, мудирони департаментҳои дастаҳои миллӣ, маркетинг, доварон ва нозирони ФФТ, инчунин намояндагони федератсияҳои футболи минтақаҳо дар бораи фаъолияти иҷрокардаи нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳисобот доданд.

Дар ҷаласаи васеи Шӯрои Кумитаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар шакли муколамаи кушод баргузор гардид, иштирокчиён нақшаҳои худро барои нимсолаи дуюми соли 2022 баён намуда, феҳристи пешниҳодҳоеро низ таҳия намуданд, ки дар ояндаи наздик амалишавии онҳо зарур аст.

Назари худро бинависед