Сафари кории сардори раёсати литсензиядиҳии дастаҳои КФО – Федерация Футбола Таджикистана

Сафари кории сардори раёсати литсензиядиҳии дастаҳои КФО

Маҳаҷан Васудеван Наир, сардори департаменти иҷозатномадиҳии бошгоҳҳои касбии Конфедератсияи футболи Осиё бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Зимни сафар Маҳаҷан Васудеван Наир бо директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ва мутахассисони лига мулоқоти корӣ доир намуда, дар он натоиҷи литсензиядиҳии бошгоҳҳои ширкаткунандаи мусобиқоти таҳти сарпарастии ЛФТ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Намояндаи КФО аз вазъи кор ва натиҷаҳои кори ЛФТ дар соҳаи иҷозатномадиҳии бошгоҳҳо ва риояи тамоми муқаррарот ва талаботи КФО дар соҳаи муҷаввиздиҳӣ ба бошгоҳҳои касбӣ изҳори қаноатмандӣ кард.

Ҳамчунин як қатор масъалаҳои марбут ба ҷорӣ намудани навоварӣ дар раванди иҷозатномадиҳӣ, талаботи низомнома ва сиёсати иҷозатномадиҳӣ баррасӣ шуданд.

Дар доираи сафари корӣ сардори Раёсати литсензиядиҳии дастаҳои КФО аз вазъи дастаҳои Истиқлол, Хуҷанд, КМВА ва «Регар-ТадАЗ» дидан карда, бо инфрасохтори бошгоҳҳо, варзишгоҳҳо, ҳайати кадрӣ ва ҳуҷҷатҳои маъмурӣ шинос шуд.

Назари худро бинависед