Дар вилояти Суғд вохӯрии ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов бо раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода баргузор гардид.
Дар аснои вохӯрӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои протоколи ҷаласаи назди раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи футболи кишвар ироа гардида буданд, маълумот манзур карда шуд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ва варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан, ки дар онҳо соли оянда дастаҳои «Хуҷанд» ва «Истаравшан» дар Лигаи олӣ бозӣ мекунанд, ҷароғҳои ҷавобгӯ ба талаботхои байналмиллалӣ насб мегарданд.
Инчунин, раисони шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан иброз доштанд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои рушди футбол дар минтақа ва ҳунарнамоии арзандаи дастаҳо дар мусобиқаҳои гуногун тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд.