Роҳбарияти ФФТ ва ЛФТ бо раиси ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи корӣ доир намуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Роҳбарияти ФФТ ва ЛФТ бо раиси ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи корӣ доир намуданд

Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода мулоқоти корӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаи дастгирии бошгоҳи футболи «Куктош» аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси нави ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода иброз дошт, ки барои дастгирии бошгоҳи футболи «Куктош», ки ба лигаи олии чемпионати Тоҷикистон баргашт, ҳамаҷониба омодааст.

«Мо дар мавсими нав ба «Куктош» ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳем кард. Соли гузашта даста ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт ва медалҳои нуқраи лигаи якуми Тоҷикистонро ба даст оварда, боз ҳаққи ширкат дар лигаи олиро ба даст овард. Даста мухлисони ашаддии зиёде дорад. Клуби футболи «Куктош» ифтихор ва шарафи ноҳияи мост. Умедворем, ки дар мавсими нав «Куктош» барои ҷойҳои ифтихории мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон мубориза мебарад», – гуфт Абдуғаффор Ҳикматуллозода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар мулоқот бо роҳбарияти ФФТ ва ЛФТ.