Давраи бақайдгирии тобистона, ки дар давоми он клубҳои Лигаи олии Тоҷикистон метавонанд гузаришҳои футболбозонро сабти ном кунанд, рӯзи чоршанбеи 15 июл боз шуд.
Лигаи футболи Тоҷикистон ба ҳама дастаҳои лигаи олӣ хабар медиҳад, ки давраи иловагии тобистона, ки дар доираи он дастаҳо метавонанд бозигарони навро ба дархостҳои худ барои иштирок дар қисми дуюми чемпионат ва Ҷоми Тоҷикистон дар мавсими 2020 илова кунанд, то соати 17:00 рӯзи 7 август идома меёбад. Пас аз ин давра, клубҳои лигаи олии Тоҷикистон наметавонад дубора бозингаронро сабти ном кунанд.
Ёдовар мешавем, ки нимаи дуюми мавсим бо бозиҳои 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистон, ки 1-3 август баргузор мешавад, оғоз меёбад.