Равшан Ирматов аз дархости муштарак барои мизбонии Ҷоми Осиё дар Осиёи Марказӣ пуштибонӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Равшан Ирматов аз дархости муштарак барои мизбонии Ҷоми Осиё дар Осиёи Марказӣ пуштибонӣ кард

Ноиби якуми президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон, узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё Равшан Ирматов дар бораи ташаббуси президенти CAFA Рустами Эмомалӣ оид ба пешниҳоди дархости муштарак барои дарёфти ҳаққи мизбонии Ҷоми Осиё дар Осиёи Марказӣ ибрози назар кард. 

«Мо ташаббуси президенти CAFA Рустами Эмомалиро оид ба пешниҳоди дархости муштарак барои баргузории қисми ниҳоии Ҷоми Осиё дар Осиёи Марказӣ комилан дастгирӣ мекунем. Пешниҳоди аризаи якҷоя барои мизбонии чемпионати Осиё як қадами устувор дар роҳи рушди футболи минтақаи мост. Пеш аз ҳама, аз нигоҳи инфрасохтор мо варзишгоҳҳои мавҷударо ба тартиб меорем ва варзишгоҳҳои нав месозем, ки ба меъёрҳои баланди КФО ва ФИФА ҷавобгӯ бошанд. Агар ба мо мизбонии қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро бовар кунанд, аз баргузории ҷашни бузурги футбол дар минтақа илҳомбахш хоҳем шуд! Инчунин он кишварҳои дӯсту бародари моро муттаҳид хоҳад кард!», – гуфт ноиби якуми президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон, узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё Равшан Ирматов.

Назари худро бинависед