«Равшан»-и Зафаробод аз ҳайати иштирокчиёни мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум хориҷ шуд.
Бо сабаби дар бозии даври шашуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум бо «Панҷшер» (26 май) ҳозир нашудан, бо қарори Кумитаи назоратӣ-интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бошгоҳи «Равшан»-и Зафаробод аз ҳайати иштирокчиёни лигаи якум хориҷ карда шуд. Азбаски дастаи «Равшан» дар мавсими соли 2023 камтар аз 50 дарсади бозиҳоро анҷом додааст, тамоми натоиҷи бозиҳо дар лигаи якуми чемпионати Тоҷикистон бо иштироки ин тим бекор карда шуданд.
Бояд гуфт, ки зимни боздиди гурӯҳи кории комиссияи литсензионии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва вохӯриҳои чандинкарата бо раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ваъда дода шуда буд, ки дастаи «Равшан» давоми мавсим ҳаматарафа дастгирӣ меёбад. Вале, мутаассифона, дар асл ба даста аз ҷониби мақомоти маҳаллии ноҳияи Зафаробод таваҷҷуҳи лозима зоҳир нагардид.