«Равшан» дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 бозии сеюмашро анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

«Равшан» дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 бозии сеюмашро анҷом дод

26 октябр дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар доираи даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар гурӯҳи «Е» рақобаташро анҷом дод.

Дастаи Тоҳир Муъминов дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо қаҳрамони феълии Қирғизистон, бошгоҳи «Абдиш-Ата»-и Кант вохӯрд. Вохӯрӣ бо ғалабаи меҳмонон – 1:0 ба поён расид. Муаллифи голи ягонаи дидор дар дақиқаи 51-ум легионери ганагии «Абдиш-Ата» Эммануэл Ягр гардид.

Дар бозии дигари гурӯҳ ду бошгоҳи Туркманистон – «Марв» ва «Алтин Асир» вохӯрданд. «Алтин Асир» бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Пас аз се давр дар гурӯҳи «Е» «Абдиш-Ата» бо дарёфти 7 имтиёз пешсаф аст. Дар ҷойи дуюм «Алтин Асир» (4 имтиёз) қарор дорад. «Марв» ва «Равшан» бо ду имтиёзӣ дар зинаҳои баъдӣ ҷой гирифтаанд.

Акнун ноиб-қаҳрамони Тоҷикистон дар Ҷоми КФО-2023/24 ду бозии сафарӣ хоҳад кард. «Равшан» 9 ноябр дар Бишкек бо «Абдиш-Ата» ва 30 ноябр дар Ашхобод бо «Марв»-и Туркманистон рақобат мекунад. Бошгоҳи шаҳри Кӯлоб нерӯсанҷии охирини худро дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот рӯзи 14-уми декабр бо тими «Алтин Асир» доир менамояд.

 

🏆 Ҷоми КФО-2023/24

♦️ Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «Е». Даври 3

🇹🇯 «РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН) – 🇰🇬 «Абдиш-Ата» (Қирғизистон) – 0:1

️ Гол: Эммануэл Ягр, 51.

🏟 26 октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 4300 тамошобин.

 

🇹🇲 «Марв» (Туркманистон) – 🇹🇲 «Алтин Асир» (Туркманистон) – 1:2

Назари худро бинависед