«Равшан» боз бо «Марв»-и Туркманистон мусовӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

«Равшан» боз бо «Марв»-и Туркманистон мусовӣ кард

Ноибқаҳрамони Тоҷикистон бошгоҳи «Равшан»-и Кӯлоб боз ҳам мисли даври аввал дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 бо тими «Марв»-и Туркманистон мусовӣ намуд. Ин дафъа вохӯрӣ дар Ашхобод баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.

Аз ҳайати «Равшан» голро дар дақиқаи 43-юм легионери танзаниягӣ Эммануэл Мваненго зад. Аз ҳайати «Марв» Якшисахет Довлетгелдиев дар дақиқаи 65-ум муаллифи гол шуд.

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб рақобати ниҳоии худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 бо тими «Алтин Асир»-и Туркманистон анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ 14 декабр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор сурат гирифта, соати 19:00 оғоз мешавад.

Назари худро бинависед