«Равшан» – «Абдиш-Ата»: пагоҳ дар меҳмонхонаи «Атлас» нишасти матбуотии пеш аз бозӣ барпо мегардад – Федерация Футбола Таджикистана

«Равшан» – «Абдиш-Ата»: пагоҳ дар меҳмонхонаи «Атлас» нишасти матбуотии пеш аз бозӣ барпо мегардад

Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО! Пагоҳ, 25 октябр дар остонаи бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ байни бошгоҳҳои «Равшан» (Тоҷикистон) ва «Абдиш-Ата» (Қирғизистон) нишасти хабарӣ сурат мегирад. Чорабинӣ дар толори меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе соати 11:30 оғоз мегардад.

Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббии «Равшан» Тоҳирҷон Муъминов, легионери ганагии бошгоҳи шаҳри Кӯлоб Айдан Окран, аз ҷониби «Абдиш-Ата» бошад, сармураббӣ Ислом Ахмедов ва капитани даста Мирбек Аҳматалиев ҷавоб медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 байни бошгоҳҳои «Равшан» ва «Абдиш-Ата» рӯзи 26 октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор гашта, соати 19:00 оғоз мешавад.

Назари худро бинависед