Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Раҳматулло Фузайлов интизориҳои худро аз чемпионати CAFA-2023 (U-20), ки аз 21 то 28 май дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор мешавад, иброз дошт. Дар ин мусобиқа дастаи мо бо тимҳои миллии ҷавонони Афғонистон (22 май), Туркманистон (24 май), Ӯзбекистон (26 май) ва Эрон (28 май) бозӣ мекунад.
Раҳматулло Фузайлов, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17):
– Чемпионати CAFA як марҳилаи муҳими омодагии дастаи мо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад. Метавон гуфт, ки ин охирин санҷиши қувва пеш аз чемпионати Осиё дар Таиланд хоҳад буд. Мо дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ чаҳор бозӣ мекунем. Ҳама рақибон хеле хуб ва сазоворанд. Кӯшиш мекунем, ки ҳунарнамоии хуб нишон диҳем.
Тайёрии мо аз моҳи январ оғоз шуд. Дар Ҷоми рушд-2023 дар Минск ширкат карда, ҷои сеюмро гирифтем. Моҳи март дар Арабистони Саудӣ машғулияти таълимӣ гузаронидем. Қариб ҳамаи бозигарон дар як даста – «Барқчӣ»-и Ҳисор, ки шомили лигаи якуми Тоҷикистон аст, баромад мекунанд. Дар оғози мавсим мо дар лигаи якум чор вохӯрӣ гузарондем, ки дар онҳо ду ғалаба ба даст оварда, ду вохӯрии дигарро мусовӣ кардем.
Вазифаи асосии мо дар Ҷоми Осиё-2023 дар Тайланд бомуваффақият баромад кардан аст. Дар аввал бояд дар марҳилаи гурӯҳӣ хуб баромад кунем, сипас барои яке аз роҳхатҳои чемпионати ҷаҳон-2023 мубориза барем. Барои расидан ба ҳадафҳои худ тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем.