Конфедератсияи футболи Осиё ҳайати пурраи сабадҳоро барои қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то синни 23 сола муаррифӣ кард.
Дастаи мунтахаби ҷавонони то 23 солаи Тоҷикистон, ки бори аввал дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок мекунад, дар сабади чаҳорум бо Малайзия, Кувайт ва Туркманистон қарор гирифт. Ин бар он маъност, ки дастаи ҷавонони мо дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё бо дастаҳои зикршуда дар як гурӯҳ бозӣ намекунад.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ чаҳор гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ ташкил карда шуд. Аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд.
Қобили зикр аст, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 байни мунтахабҳои ҷавонони то 23 сола, аз 1-ум то 19-уми июн дар Узбекистон баргузор мешавад
Таркиби сабадҳо барои қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 (U-23):
Сабади якум: Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Австралия.
Сабади дуюм: Урдун, Тайланд, Имороти Муттаҳидаи Араб, Эрон.
Сабади сеюм: Ироқ, Қатар, Ветнам, Ҷопон.
Сабади чорум: ТОҶИКИСТОН, Малайзия, Кувайт, Туркманистон.