Президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард – Федерация Футбола Таджикистана

Президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа имрӯз, 28 апрел бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати КФО-ро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон – ноибони президент Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов, дабири кулл Фурқат Аҳмедҷонов ва дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов истиқбол гирифтанд.

Роҳбари футболи Осиё дар ҷараёни сафари корӣ бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ анҷом дода, масъалаҳои рушди футбол дар кишварро баррасӣ менамоянд.

Илова бар ин, рӯзи 2 май дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» Конгресси 8-уми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ки дар он президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ва президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ширкат мекунанд.

Назари худро бинависед