Президенти Федератсияи байналмилалии футбол Ҷанни Инфантино ва президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа зимни сафари худ ба Тоҷикистон аз маҷмааи «Кохи Наврӯз», ки бо услуби меъмории миллӣ сохта шудааст, дидан карданд.
Ҳайати ФИФА ва КФО аз толорҳои барҳавою зебои бо услуби миллӣ ороёфтаи маҷмааи «Кохи Наврӯз» боздид ба амал оварданд. Меҳмонон аз шукуҳи кох мафтун гардида, аз маҳорати ҳунармандони боистеъдоди тоҷик дар ҳайрат монданд. Зебоии афсонавии санъати кандакорӣ махсусан толори «Дидор», толори «Аржанг», ки бо 29 навъи сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон оро дода шудааст, толори «Гулистон», ки аз ҷониби кандакорони боистеъдоди шаҳри Исфара омода шудаанд ва толори «Зарандуд», ки аз айвонҳои тобистона ва фаввораҳои рангоранг иборат аст, таваҷҷуҳи онҳоро ба худ ҷалб кард.
«Кохи Наврӯз» ҳоло макони баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.