Петр Сегрт ҳайати тими миллии Тоҷикистонро барои ширкат дар мусобиқаи «King’s Cup 2022» эълон кард – Федерация Футбола Таджикистана

Петр Сегрт ҳайати тими миллии Тоҷикистонро барои ширкат дар мусобиқаи «King’s Cup 2022» эълон кард

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати дастаро барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022», ки аз 22 то 25 сентябр дар шаҳри Чианг Майи Тайланд баргузор мешавад, эълон кард.

Дар рӯйхат 23 бозигар, аз ҷумла 11 легионер, 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил шудааст.

Душанбе – Тошканд – Куала-Лумпур – Бангкок – Чианг Май – тибқи ин масир давоми зиёда аз як шабонарӯз мунтахаби Тоҷикистон пагоҳ, 17 сентябр ба Тайланд меравад.

Қобили зикр аст, ки дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Чианг Май тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Тринидад ва Тобаго бозӣ мекунад. Дар вохӯрии дигари даври 1/2 ниҳоӣ дастаҳои Тайланд ва Малайзия бо ҳам рақобат мекунанд. Бозиҳои 1/2 ниҳоӣ 22 сентябр баргузор мешаванд.

Ғолибони даври ниманиҳоӣ рӯзи 25 сентябр дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Ҳамаи вохӯриҳои мусобиқа дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai» сурат мегиранд.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Тайланд: 

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»); 

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Ӯзбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Табрез Исломов, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»); 

Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов (AГМК, Ӯзбекистон), Эҳсони Панҷшанбе (“Зуб Оҳан”, Эрон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Амадонӣ Камолов («Паракуэлос Антамира» Испания), Муҳаммадҷон Раҳимов, Парвиз Бокӣ-Охунов (ҳарду – «Истиқлол»); 

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ислоч», Беларус), Рустам Соиров («Левадия», Эстония), Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»). 

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

 

Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022»

Даври 1/2 ниҳоӣ

22 сентябр (панҷшанбе)

15:30 – Тринидад ва Тобаго – ТОҶИКИСТОН

18:30 – Тайланд – Малайзия

 

25 сентябр (якшанбе)

15:30 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

18:30 – Финал 

Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.

Назари худро бинависед