Петр Сегрт ҳайати тими миллии Тоҷикистонро барои бозии дӯстона бо мунтахаби Русия эълон кард – Федерация Футбола Таджикистана

Петр Сегрт ҳайати тими миллии Тоҷикистонро барои бозии дӯстона бо мунтахаби Русия эълон кард

Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати дастаи мунтахаби кишварро барои бозии дӯстонаи дарпешистода бо тими миллии Русия, ки рӯзи 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, эълон кард.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 28 бозигар шомил гардидааст, ки 15 нафарашонро легионер ташкил медиҳанд. Ба рӯйхати Петр Сегрт 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар дохил гардиданд. 

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон пагоҳ, 10 ноябр дар Душанбе омодагиро ба бозии дӯстона бо тими миллии Русия оғоз мекунад.

 

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо яккачини Русия: 

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»); 

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Ӯзбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»); 

Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов (АГМК, Ӯзбекистон), Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Эҳсони Панҷшанбе («Зуб Оҳан», Эрон), Алиҷони Айнӣ («Краснодар-2», Русия), Комрон Турсунов (TРАУ, Ҳиндустон), Муродалӣ Ақназаров («Анталяспор», Туркия), Хусрав Тоиров («Атирау», Қазоқистон), Салам Ашӯрмамадов («Броук Бойз», Русия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Хуршед Абдуллоев (КМВА, Душанбе), Азизбек Ҳаитов («Динамо», Душанбе); 

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ислоч», Беларус), Рустам Соиров («Левадия», Эстония), Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»). 

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

Назари худро бинависед