Пайрав Воҳидов: «Дар чемпионати ҷаҳон-2024 шомили гурӯҳи хеле душвор шудем, аммо мо мубориза хоҳем бурд» – Федерация Футбола Таджикистана

Пайрав Воҳидов: «Дар чемпионати ҷаҳон-2024 шомили гурӯҳи хеле душвор шудем, аммо мо мубориза хоҳем бурд»

Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов дар бораи натиҷаи маросими қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2024 изҳори назар кард. Рақибони дастаи мо дар гурӯҳи «Е» мунтахабҳои Португалия, Марокаш ва Панама гаштанд.

«Мо дар чемпионати ҷаҳон-2024 шомили гурӯҳи хеле душвор шудем. Бо чемпионҳои се қитъа бозӣ хоҳем кард. Тими миллии Португалия ба муаррифӣ ниёз надорад – онҳо қаҳрамони феълии Аврупо ва ҷаҳон буда, яке аз фаворитҳои асосии мусобиқа мебошанд. Яккачини Марокаш чемпиони Африқо, мунтахаби Панама ғолиби чемпионати Америкаӣ Шимолӣ, Марказӣ ва Баҳри Кариб мебошанд. Мо мекӯшем, ки ба Ҷоми ҷаҳон хуб омода шавем ва бар муқобили қаҳрамонҳо бозии шоистаро нишон диҳем», – гуфт сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов.

Назари худро бинависед