Ҷоми Осиё-2023: мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) аз дастаи Урдун шикаст хӯрд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Осиё-2023: мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) аз дастаи Урдун шикаст хӯрд

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «С» аз тими Урдун бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд.

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 5-уми март мунтахаби ҷавонони мо бо ҳамсолони худ аз Уммон, ки имрӯз аз тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд, бозӣ мекунанд.

 

Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонон (U-20)

Гурӯҳи «С». Даври 1

ТОҶИКИСТОН – Урдун – 0:2

Голҳо: Алӣ Ал-Азаиза, 7 (0:1). Сайф Аддин Дарвеш, 27 (0:2).

Аз майдон ронда шуд: Бакер Калбоуне Урдун), 1.

2 март. Тошканд. Варзишгоҳи «Локомотив».

Назари худро бинависед