Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев ва дигарон дар бозии намоишии ситораҳо иштирок мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев ва дигарон дар бозии намоишии ситораҳо иштирок мекунанд

Рӯзи якшанбеи 6-уми март, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯби иқдоми Созмони Милали Муттаҳид “Бартараф кардани хушунат алайҳи занону духтарон” бозии намоишии ситораҳо баргузор мешавад.

Дар бозии намоишӣ иштироки футболбозони маъруф ба мисли Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Ятимов, Рустам Соиров, Ислом Зоиров, Шервони Мабатшоев ва дигарон дар назар аст.

Дар ҳайати футзалбозон бошад баромади Хуршед Маҳмудов, Шерзод Ҷумаев, Файзалӣ Сардоров, Муҳаммад Шарифов ва дигарон дар назар дошта шудаст.

Қобили зикр аст, ки бозии ситораҳо рӯзи якшанбеи 6-уми март дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (микрорайони 46-ум) баргузор шуда, соати 16:00 оғоз мешавад. Даромад ба маҷмааи варзишӣ ройгон аст. Ҳамаи мухлисонро ба бозӣ даъват мекунем!

Назари худро бинависед