Натоиҷи даври аввали марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи Футболи Тоҷикистон-2023 – Федерация Футбола Таджикистана

Натоиҷи даври аввали марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи Футболи Тоҷикистон-2023

Даври аввали марҳилаи гурӯҳии қисми ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023 ба анҷом расид.

Дар гурӯҳи «А» КМВА-и пойтахт бар «Ҳосилот»-и Фархор (2:1) ғалаба кард. Вохӯрии дигар миёни дастаҳои «Истаравшан» – «Равшан» мусовӣ – 1:1 ба анҷом расид.

Дар гурӯҳи «Б» «Регар-ТадАЗ» бар «Панҷшер» (3:1) ва «Душанбе» бар «Парвоз» (1:0) пирӯз шуданд.

Қобили зикр аст, ки тибқи низомномаи Ҷоми Федератсия дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила бозӣ мекунанд. Пас аз он ду даста аз ҳар гурӯҳ даври 1/2 ниҳоӣ роҳ меёбанд. Баъдан ғолибони даври ниманиҳоӣ дар финал ва дастаҳои мағлубшуда дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм нерӯ месанҷанд.

Фонди ҷоизавии Ҷоми ФФТ-2023 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа бо 50 000 сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва соҳибони медалҳои биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.

 

Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023

Қисми ниҳоӣ

Гурӯҳи «А». Даври 1

КМВА – «Ҳосилот» – 2:1

Голҳо: Шодиҷон Муродов, 6 (0:1). Наврӯз Рустамов, 10 – дар дарвозаи худ (1:1). Комрони Мирзохон, 78 (2:1).

Аз майдон ронда шуд: Нгану Дориан (КМВА), 83 – корти зарди 2-юм, Ҳасан Рустамов («Ҳосилот»), 89 – рафтори дағалона.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Хуршед-Тимур Ҷӯраев (КМВА).

 

«Истаравшан» – «Равшан» – 1:1

Голҳо: Ҳасан Фараҳ, 29 (0:1). Шаҳзод Иноятов, 75 (1:1).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Муҳаммадшарифи Саидхоҷа («Равшан»).

 

Гурӯҳи «Б». Даври 1

«Парвоз» – «Душанбе» – 0:1

Гол: Шамсиддин Қосимов, 85.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Шамсиддин Қосимов («Душанбе»).

 

«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер» – 3:1

Голҳо: Абдухалил Боронов, 54 (1:0). Шуҳрат Элмуродов, 56 (2:0). Хайриддин Тӯрахонов, 72 – аз пеналти (2:1). Шуҳрат Элмуродов, 90+1 (3:1).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Шуҳрат Элмуродов («Регар-ТадАЗ»).

Назари худро бинависед