Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи тартиботӣ-интизомии ФФТ – Федерация Футбола Таджикистана

Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи тартиботӣ-интизомии ФФТ

Имрӯз, 27 октябр дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи навбатии Кумитаи назоратӣ-интизомӣ баргузор гардид, ки дар он қонуншиканиҳо дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон рӯйдода баррасӣ шуданд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 7, банди 24-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум «Динамо» – «Куктош» (25 октябр), бозигари тими «Куктош» Холмурод Назаров бинобар барқасдона задани ҳариф аз ҳаққи 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 7, бандҳои 19 ва 28.1.7-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум «Динамо» – «Куктош» (25 октябр), бозигари дастаи «Динамо» Меҳрубони Абдурауф бинобар гуфтани суханони қабеҳ ва кӯшиши фишори ҷисмонӣ расонидан ба масъулони бозӣ аз 4 вохӯрӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои риоя накардани моддаи 7, банди 28.1.7-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум «Динамо» – «Куктош» (25 октябр), бозигари дастаи «Динамо» Содиқ Қурбонов бинобар расонидани фишори ҷисмонӣ ба масъулони вохӯрӣ аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима баста шуд.