Ҳайати доварони бозии ниҳоии Ориё-Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футзал, ки дар он дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Сипар»-и Хуҷанд бо ҳам вомехӯранд, муайян гардид.
Довари марказӣ довари ФИФА аз шаҳри Турсунзода Суҳроб Сатторов таъйин шуд, ки имсол бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро низ доварӣ карда буд.
Ба ӯ довар Абубакр Маҳмадов аз шаҳри Душанбе ёрӣ мерасонад. Вазифаи довари сеюмро Наврӯзҷони Сулаймон аз ноҳияи Варзоб иҷро мекунад. Ҳамчунин, Рашид Саидтабаров аз Душанбе ба ҳайси сониясанҷ фаъолият хоҳад кард. Нозири ҳайати доварон Холмурод Зардов ва комиссари бозии ниҳоӣ Фаридун Солиев таъйин шудаанд.
Фонди ҷоизавии Ориё-Ҷоми Тоҷикистон-2026 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа баробари дарёфти ҷоми фахрӣ соҳиби 100 ҳазор сомонӣ ва дастаи финалист соҳиби 50 ҳазор сомонӣ мегардад.