Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи тартиботӣ-интизомии ФФТ – Федерация Футбола Таджикистана

Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи тартиботӣ-интизомии ФФТ

Имрӯз, 27-уми апрел дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомӣ баргузор гардид, ки дар он қонуншиканиҳои дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон рӯйдода баррасӣ шуданд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 6 бандҳои 2 ва 16-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Эсхата» – «Равшан» (25 апрел), директори бошгоҳи «Равшан» Ғайраталӣ Мираҳмадов барои таҳқири шахсони расмӣ аз ҳаққи ширкат дар 5 бозӣ маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима шуд. 

– Дар асоси моддаи 2, банди 3 ва моддаи 7, банди 17-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Эсхата» – «Равшан» (25 апрел), бозигари дастаи «Эсхата» Санҷар Рихсибоев барои нишон додани имову ишораҳои таҳқиромез, ки боиси сар задани муноқиша шудааст, аз 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Дар асоси моддаи 7 банди 17-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Эсхата» – «Равшан» (25 апрел), бозигари дастаи дастаи «Равшан» Фатҳулло Олимзода барои дашном додани ҳариф аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима карда шуд. 

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 6, банди 2-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Эсхата» – «Равшан» (25 апрел), ёвари сармураббии тими ҷавонони «Равшан» Изатулло Абдулхайров барои таҳқири шахсони расмӣ аз ҳаққи 4 бозӣ маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима карда шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 5 банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Эсхата» – «Равшан» (25 апрел), дастаи «Эсхата» барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 24-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ КМВА – «Файзканд» (15 апрел), бозигари КМВА Абдулло Шарифов барои задани ҳариф аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 6 банди 2-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот» (25 апрел), тими «Регар-ТадАЗ» барои риоя накардани талаботи сару либос ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 6, банди 2-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот» (25 апрел), дастаи «Ҳосилот» барои риоя накардани талаботи сару либос ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 19-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ «Эсхата» – «Равшан» (15 апрел), бозигари дастаи «Эсхата» Меъроҷ Абдуллоев барои таҳқири шахсони расмӣ аз 3 бозӣ маҳрум шуд.

Назари худро бинависед