Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ – Федерация Футбола Таджикистана

Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ

29-уми август дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомӣ баргузор шуд, ки дар он қонуншиканиҳои дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон рӯйдода баррасӣ шуданд.

– Барои нақзи моддаи 7 банди 17-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои «Ҳосилот» – «Равшан» (27 август), бозигари дастаи «Ҳосилот» Расул Пайзов бинобар таҳқири ҳариф аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима карда шуд. 

– Барои нақзи моддаи 7 банди 17-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои «Ҳосилот» – «Равшан» (27 август), бозигари дастаи «Равшан» Масрур Қиёмиддинов бинобар таҳқири ҳариф аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима карда шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 19-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ КМВА – «Эсхата» (18 август), бозигари дастаи «Эсхата» Абдусамад Самадов бинобар таҳқири шахсони расмии вохӯрӣ аз 2 бозӣ маҳрум карда шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 28.1-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ «Куктош» – «Равшан» (17 август), бозигари тими «Куктош» Шоҳруҳи Абдуҳаким бинобар рафтори дағалона аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум шуд.

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 7 банди 28.1-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ «Куктош» – «Равшан» (17 август), бозигари тими «Равшан» Абубакр Мираҳмадов бинобар рафтори дағалона аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум шуд.

– Дар асоси моддаи 5, банди 13-и Кодекси интизомии ФФТ ба дастаҳои лигаи якуми чемпионати Тоҷикистон-2023 «Шодмон» ва «Саройкамар» барои риоя накардани шарту талаботи Низомномаи мусобиқа огоҳии ҷиддӣ дода шавад.

Назари худро бинависед