Мунтахаби занонаи то 20-солаи Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 ба Таиланд сафар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби занонаи то 20-солаи Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 ба Таиланд сафар кард

Мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии Юсуф Рабиев имрӯз, 5 март барои ширкат дар даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» ба шаҳри Бурирами Тайланд рафт.

Ба ҳайати мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-20) 21 бозигар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомил шудааст.

Мунтахаби бонувони ҷавони мо дар даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо тимҳои Тайбейи Чин (8 март), Тайланд (10 март) ва Ӯзбекистон (12 март) бозӣ мекунад.

 

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни тимҳои бонувони ҷавон (U-20)

Даври якум. Гурӯҳи «Е»

Даври 1

8 март (чоршанбе)

Тайбейи Чин – ТОҶИКИСТОН

Таиланд – Ӯзбекистон

 

Даври 2

10 март (ҷумъа)

ТОҶИКИСТОН – Таиланд

Ӯзбекистон – Тайбейи Чин

 

Даври 3

12 март (якшанбе)

ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон

Таиланд – Тайбейи Чин

Назари худро бинависед