Мунтахаби Тоҷикистон: тамринҳои пеш аз бозӣ бо Қирғизистон доир гардиданд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон: тамринҳои пеш аз бозӣ бо Қирғизистон доир гардиданд

Дар остонаи бозии даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 тими миллии Тоҷикистон имрӯз бо яккачини Қирғизистон дар Бишкек тамрини охиринро анҷом дод.

Пагоҳ, 14-уми июн дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек, бозӣ барои ҷои аввал дар гурӯҳи «F»-и марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Тоҷикистон баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (20:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

 

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «F». Даври 3

14 июн (сешанбе)

Оғоз – соати 20:00 ба вақти Душанбе

Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Бишкек, Варзишгоҳи Долон Омурзоқов

Назари худро бинависед