Мунтахаби Тоҷикистон нахустин тамринҳоро дар Сингапур анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон нахустин тамринҳоро дар Сингапур анҷом дод

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар Сингапур тамринҳоро шуруъ кард.

Мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстонаи дар пешистода бо тими Сингапур дар ҳайати 19 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ҷамъ шудааст.

Қобили зикр аст, ки бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Сингапур-Тоҷикистон 8 сентябр дар варзишгоҳи «Бишан»-и Сингапур баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Назари худро бинависед